Нахустин парвоз барои интиқоли он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Украина буданд: кай?

Вақти парвози нахустин барои интиқоли он даста аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз қаламрави Украина берун оварда шудаанд, маълум шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон шаҳрвандони ҷумҳуриро, ки пас аз ташдиди авзоъ дар Украина аз ин кишвар ба Лаҳистон кӯчидаанд, ба Ватан бармегардонанд.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳамин тариқ, нахустин парвози интиқолӣ аз Варшава ба Душанбе рӯзи 10 март сурат мегирад.
Тибқи маълумоти пешакӣ, ҳавопаймо бояд соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ (нисфи шаб ба вақти Тоҷикистон) парвоз кунад.
Гуфта мешавад, бо ин роҳ тоҷикони қаблан аз Украина интиқолшуда метавонанд ба Ватан баргарданд.

"Парвоз 10 март, соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст", - гуфтааст вазорат.

Ҳанӯз мушаххас нашудааст, ки чанд нафарро ба хона бармегардонанд.
Ба навиштаи бархе аз расонаҳо, ин яке аз ду парвози "бозгашт ба Ватан" аст, ки барои ояндаи наздик ба нақша гирифта шудаанд.