ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. "McDonald's", IKEA, "Apple" вориди рӯйхати ширкатҳое шудаанд, ки Русия метавонад онҳоро миллӣ кунад, хабар додаст "Известия" бо такя ба Олег Павлов, раиси созмони "Ташаббуси ҷамъиятии истеъмолӣ".
Ӯ изҳор доштааст, ки ба ҳукумат ва Додситонии кул феҳрасти ширкатҳои хориҷие фиристода шуд, ки ба далели қатъи фаъолияташон дар Русия мумкин аст, миллӣ шаванд.
"Феълан дар рӯйхат 59 ширкат қарор дорад, аммо вобаста ба изҳороти ширкатҳои хориҷӣ феҳраст метавонад тӯлонитар шаванд. Феълан "Volkswagen", "Apple", IKEA, "Microsoft", IBM, "Shell", "McDonald's", "Porsche", "Toyota", H&M ва ғайра дар ин феҳраст қарор доранд", - таъкид кард Павлов.
Вай афзуд, ки ба кор сари ин феҳраст масъулини ҳифзи ҳуқуқ ва "Роспотребнадзор" ҷалб мешаванд. Инчунин зикр шуд, ки ба феҳраст эҳтимол ширкатҳои наве илова шаванд, ки аз қасди тарки Русия карданашон хабар медиҳанд.
Ба гуфтаи Павлов, нисбати чунин ширкатҳо инчунин метавонанд, парвандаҳои маъмурӣ ё ҷиноӣ тартиб дода шаванд, ки бидуни ироаи кафолат ба истеъмолгарон тарки бозор мекунанд.
Вай тавзеҳ дод, ворид шудан ба рӯйхати ҷавобӣ ба таҳримот метавонад маънои онро дошта бошад, ки ширкатҳои нақзкунанда метавонанд дучори ҳабси суратҳисобу дороӣ ва миллисозӣ шаванд. Инчунин мумкин аст, роҳбарони ин ширкатҳо барои муфлисшавии барқасдона ё қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Маврид ба зикр аст, ки баъди амалиёти низомии Русия дар Украина кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав таҳримоти густурда роҳандозӣ намуданд, ки бахшҳои мухталиф, аз ҷумла молияю бонк ва энержиро шомиланд.
Бонки марказӣ дучори маҳдудиятҳо шуда, бархе аз бонкҳоро аз низоми SWIFT хориҷ карданд. Олмон расмисозии лӯлаи гази "Маҷрои шимолӣ-2"-ро қатъ намуд. ИМА ва кишварҳои Аврупо ҳарими ҳавоияшонро барои Русия бастанд ва даҳҳо ширкатҳои маъруф бозори кишварро тарк намуданд.
Дар пасманзари ин Бонки марказии Русия меъёри бозтамвилро то 20%-и солона боло бурда, Вазорати молия тамоми содиркунандаҳоро муваззаф кард, ки аз 80%-и даромади асъорияшонро аз тиҷорати хориҷӣ ба фурӯш гузоранд, то қурби рублро ба эътидол оранд.
Ҳамчунин чораҳои дигар барои дастгирии иқтисоди Русия пиёда шуда истодаанд. Мақомот мегӯянд, зарфияти устувории иқтисоди кишвар бузург аст ва кобинаи вазирон пешакӣ роҳи ҳалли мушкилоти эҳтимолиро баррасӣ кардааст.