Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Лавров гуфт, Путин мулоқот бо Зеленскийро рад намекунад

Вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, президенти ин кишвар ҳич гоҳ аз тамосҳо худдорӣ накардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, президент Владимир Путин ҳамеша омодаи барқарории тамос мебошад.
Ӯ ин нуктаро дар пайи мулоқот бо ҳамтои украинияш Дмитрий Кулеба баён дошт.
Лавров дар посух ба суол дар мавриди имкони мулоқоти раисҷумҳури Русия Владимир Путин ва президенти Украина Владимир Зеленский гуфт, ин мавзуъро баррасӣ кардаанд.

"Ҳама медонанд, ки Путин ҳич гоҳ аз тамосҳо худдорӣ намекунад. Мо танҳо мехоҳем, ки ин мулоқотҳо на барои худ, балки барои он ташкил карда шаванд, ки тавофуқоти мушаххасе ҳосил шавад", - изҳор дошт Лавров.

Вазири умури хориҷии Русия гуфт, ба ҳамтои украинияш таъкид намудааст, ки ҳамеша ҷонибдори мулоқоту тамосанд.
"Ҳамеша ҷонибдори онем, ки мулоқот кунем, агар тавонем ба созише даст ёбем, тавонем мушкилро ҳал кунем", - таъкид кард Лавров.
Фошкориҳои Русия аз озмоишгоҳҳои ИМА дар Украина
Мулоқоти Лавров ва Кулеба дар шаҳри Анталия бо миёнҷигарии Мавлуд Човушуғлу, вазири умури хориҷии Туркия пеш аз зуҳри 10 март сурат гирифт. Ин нахустин дидори вазирони умури хориҷии ду кишвар баъди оғози амалиёти низомии Русия дар Украина буд.
Дар бораи баргузории ин мулоқот руасои ҷумҳурии Русия ва Туркия Владимир Путин ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон зимни суҳбати телефонии ахирашон мувофиқа карда буданд.