Бо Горди фахрӣ. Истиқболи расмии Раҳмон дар Миср - акс

Президенти Тоҷикистонро дар Миср бо Горди фахрӣ ва суруди миллӣ истиқбол гирифтанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расман дар назди Қасри Иттиҳодияи Ҷумҳурии Арабии Миср пешвоз гирифтанд.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон, ба хотири истиқболи Эмомалӣ Раҳмон майдони Қасри Иттиҳодия бо парчамҳои давлатии ду кишвар оро ёфта буд.
Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ
Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро президенти Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ истиқбол гирифта, ӯ ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват шуд.

Ш"Дар майдони назди Қасри Иттиҳодия Горди фахрӣ саф ороста буд", - омадааст дар хабар.

Дар маросими истиқболи расмӣ сурудҳои миллии ҳар ду кишвар садо доданд.
Шиносоии ҳайатҳои Тоҷикистону Миср
Дар ин маросим сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Миср ошно шуданд.