ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Пас аз ҷорӣ шудани эмбарго ба энержии Русия Вашингтон бо афзоиши якбораи қимати нафт рӯ ба рӯ мешавад ва ҷустуҷӯи кишвари содиркунандаи дигар ба ҷои Русия ба мушкили Кохи Сафед табдил мешавад, менависад портали хабарии чинии "China Daily".
"Ин кор барои ҳукумати Байден осон нахоҳад буд. Бадтараш ин аст, интихоботи миёндавраӣ наздик аст ва иттиҳомоти нотавонӣ охирин чизест, ки тими президент ҳоло шунидан мехоҳад".
Ба гуфтаи муаллифи матлаб, интиқоли нафт аз Венесуэла як варианти умедбахш барои ИМА ба назар мерасад, аммо ин кор мушкилӣ низ дорад.
Давлатҳои Амрикои Ҷанубӣ барои пурра ҷуброн кардани талафоти содироти Русия сӯзишвории истихроҷшавандаро дар ҳаҷми мувофиқ истихроҷ намекунанд.
Мушкилот метавонад аз сабаби сиёсати хориҷии ИМА низ ба миён оянд. Ҷо Байден, раисҷумҳури феълии Амрико ва Доналд Трамп кишвардори собиқ Каракаси расмиро таҳрим карда буд.
Ҳоло бошад, Ҳукумати Венесуэла ва Николас Мадуро талаб мекунанд, ки маҳдудиятҳоро лағв кунанд ва ӯ ошкоро Русияро дастгирӣ мекунад.
Байден рӯзи сешанбе эълон кард, ки воридоти нерӯи барқи Русияро манъ мекунад. Президент эътироф кард, ки ба далели таҳримҳои зидди Русия қимати бензин дар Амрико боло хоҳад рафт.
Дар ҳамин ҳол,қимати бензин дар Амрико алакай ба ҳадди рекордӣ расида, аз 4,17 доллар (536 рубл – идора) барои як галлон (3,785 литр – идора) гузашт.
Тибқи маълумоти "Bloomberg", мақомоти маъмурӣ аллакай музокиротро барои дубора ба бозори сӯзишворӣ баргардонидани Эрон ва Венесуэла оғоз кардаанд. Аммо ин ташаббус дар байни сиёсатмадорони ҷумҳурихоҳи ИМА бо муқовимат рӯ ба рӯ шудааст.
Рӯзи 24 феврал Русия амалиёти вижаи низомиро барои безарарсозии Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."