ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Генерал-майор, Игор Конашенков сухангӯи вазорати дифои Русия ахиран ба хабарнигорон гуфт, аз оғози амалиёти вижа, артигши Русия беш аз 2900 иншоотҳои низомии Украинаро тахриб кардаанд.
Ба гуфтаи ӯ, зарбаҳо ба иншоотҳои низомии Украина идома доранд.
“Дар ҷараёни амалиёт 2911 иншооти низомии Украина нобуд карда шуд. Аз ҷумла: 97 ҳавопаймо, 107 ҳавопаймои бесарнишин, 141 низоми зидди ҳавоӣ, 86 постгоҳи радарӣ, 986 танку мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, 107 адад низомҳои мушакӣ, 368 тӯпхона ва хумпораандоз, 749 адад мошинҳои махсуси низомӣ”, - гуфт генерали рус.
Маврид ба зикр аст, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешавад, ки то ҳол се даври он анҷом ёфтааст. Ҳар ду ҷониб мегӯянд, гуфтушунидҳоро идома хоҳанд дод.