Путин яке аз афроди тавонотарин дар ҷаҳон хонда шуд

Раисҷумҳури Бразилия таассуроти худро аз мулоқоти ахираш бо раҳбари Русия баён кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Раҳбари Бразилия Ҷаир Болсонаро раисҷумҳури Русия Владимир Путинро яке аз тавонотарин афроди ҷаҳон номид. Дар ин бора "Estado de Minas" менависад.
Болсонаро бо рӯзноманигори нашрия чанд ҳафта пас аз мулоқот бо Путин суҳбат кард.
Ёдовар мешавем, ки президенти Бразилия рӯзи 16 феврал ба Маскав омада буд.

"Чанд ҳафта пеш ман бо яке аз тавонотарин афроди ҷаҳон вохӯрдам. Ҳоло ӯ бо кишвари ҳамсоя даргир аст. Мо тақрибан се соат суҳбат кардем", - гуфт Болсонаро.

Вай гуфт, Путин пеш аз рафтан ӯро ба утоқи корӣ даъват кардааст. Сиёсатмадорон баъзе масъалаҳои стратегиро баррасӣ кардаанд.
"Тамоми ҷаҳон як аст. Он чизе, ки аз ин ҷо 10-20 ҳазор километр дуртар мегузарад, ба мо таъсир мекунад",- қайд кард дар суҳбат бо "Estado de Minas" Болсонаро.
Муаррихи турк: Путин ҳамеша аз Байден як қадам пештар аст
Раисҷумҳури Бразилия ахиран гуфт, ин кишвар ба қатъномаи СММ дар бораи таҳримҳои зидди Русия раъй нахоҳад дод.
Қаблан муаррихи турк Илбер Ортайлӣ Путинро "боарзиштарин шахсият миёни раҳбарони аврупоӣ" номида, бар бартарии ӯ дар баробари раиси Кохи Сафед Ҷо Байденро таъкид карда буд.
Ба гуфтаи ӯ, сарвари Русия сиёсатмадори касбист. Ба бовари муаррих баръакси Путин дар кирдорҳои сардори Касри Сафед бадахлоқии сиёсӣ рӯшан мушоҳида мешавад.