ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Таҳримҳои Ғарб алайҳи Федератсияи Русия пешбинишаванда буд ва иттифоқан омодагӣ барои чораҳои ҷавобӣ дар ҷиҳати коҳиш додани оқибатҳои онҳо пешакӣ оғоз шуд, гуфт Дмитрий Песков, котиби матбуотии президенти Русия Владимир Путин.
"Мо борҳо гуфта будем, ки таҳримҳои воқеӣ интизоранд ва маҷмуи гуногуни таҳримҳо бодиққат таҳия ва баррасӣ шуданд. Ҳамчунин омодагӣ барои ба ҳадди ақалл кам кардани оқибатҳои маҷмуи таҳримҳои гуногун аз пеш оғоз шудааст", - гуфт Песков ба хабарнигорон дар посух ба саволи ин ки "оё ҷониби Русия чунин оқибатҳои иқтисодиро аз таҳримот интизор буд?".
Ҳамзамон ахиран сарвазири Русия Михаил Мишустин изҳор дошт, ки барои кишварҳои ағёр маҳдудиятҳои интиқолии ҷавобӣ ҷорӣ хоҳанд кард.
Мақомоти Федератсияи Русия маҳдудиятҳои ҷавобӣ дар соҳаи нақлиётро барои кишварҳои ғайри дӯст, аз ҷумла нигоҳ доштани парки ҳавопаймоҳои хориҷӣ аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоиро пешбинӣ мекунанд.
"Барои нақлиёт як қатор роҳҳои ҳалли масъала пешбинӣ шудааст, мо ба интиқолдиҳандагони ҳавоӣ дар нигоҳ доштани парки ҳавопаймоҳои хориҷӣ кӯмак хоҳем кард. Барои мамлакатҳое, ки ба бандарҳои худ даромадани киштиҳои моро манъ мекунанд, ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои ҷавобиро пешбинӣ мекунем", -гуфт Мишустин дар ҷаласаи ҳукумат.
Ёдовар мешавем, ки пас аз амалиёти вижаи Русия дар Украина ИМА бо Аврупо чаҳор бастаи таҳримро эълом карданд.