ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Украина дар долонҳои башардӯстона дар Ҷумҳурии Мардумии Донетск иғвоангезӣ мекунад, хабар медиҳад РИА "Новости" бо истинод ба Ситоди маҳаллии дифои ҳудудӣ.
Қайд гардид, ки эҳтимол ҳангоми аз долонҳои башардӯстона дар Мариупол ва Волноваха гузаштан гурезаҳо ба мушкилӣ рӯ ба рӯ шаванд.
Қаблан сокинони маҳаллӣ, ки тавонистаанд аз долони башардӯстона бидуни осеб убур кунанд, нақл карданд, ки чӣ тавр низомиёни украинӣ ба сӯйи ҳар касе, ки мехост аз деҳаи Винограднии шаҳри Мариупол берун шавад, тир холӣ карданд. Шояд долонҳои башардӯстона аз ҷониби низомиёни украинӣ минакорӣ шаванд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешавад, ки то ҳол се даври он анҷом ёфтааст. Ҳар ду ҷониб мегӯянд, гуфтушунидҳоро идома хоҳанд дод.