Ба фарзандонам аз чандсолагӣ намоз ва Қуръонро омӯзонам?

Дер ё зуд дар мағзи ҳар як кӯдак дар бораи эътиқоду дин суол пайдо мешавад. Шояд тифле дар рӯи замин набошад, ки замоне аз волидонаш “Худо ҳаст?”, “Ӯ куҷост?” гӯён суол накарда бошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Кӯдакон имконияти фитрии зуд қабул кардани ин ё он маълумотро доранд, аммо ҷаҳонбиниву синну соли онҳо имконият намедиҳад, ки маълумоти пайдокардаашонро таҳлил кунанд.
Кӯдакро чӣ гуна бояд аз нигоҳи эътиқод ба муҳити атроф омода намуда, ба донишҳои динӣ фаро гирифт, ин равандро аз чандсолагӣ ва чӣ гуна сар кард.
Sputnik Тоҷикистон барои пайдо кардани посух ба ин суолҳо бо имоми масҷиди ҷомеи Маскав Дамирҷон Зайнуддинов суҳбат кард.
Имом таъкид мекунад, волидоне, ки ба суоли аз чандсолагӣ бояд фарзандро тарбия кард, посух меҷӯянд, бояд пеш аз ҳама худро тарбия кунанд.

“Тарбияи кӯдак аз интихоби падар, модар оғоз мешавад, зеро ба тарбияи кӯдак се омил таъсир мерасонад: ирсият, тарбия ва дин”, - таъкид мекунад вай.

Агар дар мавриди тарбияи динӣ гӯем, ба қавли Зайнуддинов, мувофиқи ҳадиси паёмбар (с) ки ӯ гуфтааст, “кӯдаконро ба намоз аз 7-солагиашон омӯзонед, аз 10-солагӣ агар онҳо иҷро накунанд, ҷазо диҳед”, бояд амал намуд.
Дар ҳамин ҳол имом таъкид мекунад, ки хурсолонро бисёр сахт ва ҷиддӣ гирифтан дуруст нест.
"Бояд бо намунаи шахсӣ нишон дод, ки намоз муҳим аст", - меафзояд вай.
Ба онҳо расонидан лозим, ки намоз боиси тозагии бадан, машқи тану рӯҳ ва дар кишварҳое ки рафтани наврасон ба масҷид иҷозат аст, хондани намоз дар ҷамоат боиси иҷтимоишавии онҳо низ мегардад.
Дар мавриди таълими китоби муқаддаси мусалмонон –Қуръон имом мегӯяд, метавон аз 12-солагӣ вобаста аз шури онҳо бо истифода аз тарҷумаҳои китоб аз оятҳое, ки онҳо қабул карда метавонд, оғоз намуд.

“Қуръон аз чанд қисмат иборат аст: эътиқоди динӣ, таърих, паёмбарон, фиқҳ ва ғайра. Метавон аз қисмате сар кард, ки бо таъриху паёмбарон вобаста аст: масъалан дар бораи паёмбар Юсуф, Исо ва дигарон хонд”, - мегӯяд вай.

Минбаъд вақте тифлон бо ин паёмбарон шинос мешаванд, он қисматеро мутоила кунед, ки дар бораи эътиқод аст, Худовандро тасвир мекунад. Дертар метавон оятҳои фиқҳиро қироат намуд - дар бораи принсипҳои яккахудоӣ, касеро назодааст ва аз касе зода нашудааст, хонда ва дар ҳамин ҳол аз Қуръон бояд мисол овард.
Дар бораи адабиётҳои иловагии динӣ Дамирҷон мегӯяд, ҳар кишвар бо истифода аз имкон адабиёти динии бачагона нашр мекунад.
Масъалан, дар Русия Раёсати мусалмонон китобҳо дар бораи “Таърихи паёмбарон”, дар бораи хондани Қуръон ва таҷвид - “Методи нави таълими таҷвид” нашр шудааст.
Бархе матбуот дар Тотористон пурра ба нашри адабиёти бачагонаи динӣ муваззаф шудаанд. Бо расмҳои зебо, рангҳои зебо барои кӯдакон китоб нашр менамоянд.
“Ҳоло, хушбахтона, интернет дар тамоми гӯшаҳои дунё дастрас аст, ба воситаи он метавон барои кӯдакон адабиёти диниро роҳат дастрас кард. Ё дар смартфонҳо барномаҳо ҷӯр намуд ва исфода кард. Муҳим ифротӣ набошанд ва волидон назорат кунанд”, - таъкид мекунад вай.