ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба чор мақомдори Гвардияи миллии ҷумҳурӣ рутбаи полковник дод.
Бо фармони раисҷумҳур, ки ахиран имзо шуд, рутбаҳои полковникӣ ба Собириён Маҳмаднаим Юсуф, ноиби фармондеҳи Гвардияи миллӣ дар умури сиёсӣ – тарбия ва Айнизода Бахтиёр Абдусаттор, сардори бахши истихборотии Гвардияи миллӣ дода шуд.
Инчунин Абдураҳимзода Умар Шариф, сардори Маркази миллии мубориза бо терроризму маводи мухаддир, Одиназода Абдусалом Маҳмадулло, фармондеҳи бригадаи дуюми зудамал рутбаи полковники гвардия гирифтаанд.
Гвардияи миллии Тоҷикиистон, воҳиди мустақили ҳарбии таъйиноти махус мебошад, ки бевосита ба раисҷумҳур тобеъ буда, анҷоми вазифаҳои махсусан муҳими давлатиро ба уҳда дорад.
Ин ниҳод моҳи январи соли 1995 бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон таъсис дода шуда, дар аввал Гвардияи президентӣ ном дошт.
Таъкид мешавад, ки афсарону сарбозони гвардия солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар кормандони сохторҳои қудратӣ дар нигоҳ доштани тартиботу барқарор намудани сохти конститутсионӣ саҳм гузоштаанд.
Моҳи январи соли 2004 баъди тағйироти сохторӣ бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон воҳиди мазкур ба Гвардияи миллӣ табдили ном кард.