ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Аз 28 феврал то 7 март 4359 шаҳрванди Ӯзбекистон қаламрави Украинаро тарк карданд, иттилоъ додааст намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон Юсуф Қобулҷонов.
Тибқи иттилои вай, дар ин давра 19 парвоз ташкил карда шуд, ки тавассути онҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон ба Ватан баргардонида шуданд.
“Дар охири ҳафтаи гузашта 674 шаҳрванди Ӯзбакистон, аз ҷумла 109 зан, 57 кӯдак ва 12 тифл аз Украина тавассути фурудгоҳи шаҳри Катовисеи Лаҳистон ба Ватан баргардонида шуданд. Як парвози дигар рӯзи 7 март сурат хоҳад гирифт”, - гуфт Юсуф Қобулҷонов.
Вай гуфт, феълан дар Лаҳистон беш аз 350 нафар аз шаҳрвандони Ӯзбекистон боқӣ монда, 80 нафари онҳо дар сарҳади давлатии Украина ва Лаҳистон, тақрибан 270 нафари онҳо дар фурудгоҳи Катовитсе ҷойгир шудаанд.
“Сафорати Ӯзбекистон дар Украина бо ҳамватанон дар тамос аст. Дипломатҳо дар манотиқи мухталифи Украина, аз ҷумла дар минтақаи ҷанг қарор доранд ва барои эвакуатсияи шаҳрвандони мо кор мебаранд” – қайд кардааст намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.
Қаблан оқои Қобулҷонов гуфта буд, ки берун кашидани шаҳрвандони Ӯзбекистон аз манотиқи ҷанг дар Украина, аз ҷумла шаҳрҳои Харков, Сума ва Херсон пас аз анҷоми пурраи даргириҳо ба роҳ монда мешавад. То ин вақт ба ӯзбекҳо тавсия дода мешуд, ки дар паноҳгоҳҳо бимонанд.
Украина ва Русия тавофуқ кардаанд, ки барои чанд соат режими сукут эълон кунанд ва долонҳои башардӯстонаро аз Киев, Мариупол, Харков ва Сума боз кунанд. Агар оташбас аз ҷониби тарафҳои ҷангӣ вайрон нашавад, имкон дорад, мардуми осоишта аз ин шаҳрҳо ба манотиқи амн кӯчонида шаванд.