ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Тибқи пешгӯии Агентии обуҳавошиносии кишвар дар ВМКБ ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида боришоти борон ва барф дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал меояд.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 12-17 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ноҳияҳои водибуда борони кӯтоҳмуддат борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти борон ва барф дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9, рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Хатлониёнро низ ҳавои ҳавои қисман абрнок, борони кӯтоҳмуддат дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ва раъду барқ интизор аст.
Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10, рӯзона 14+19 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 1+6, рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи марказро ҳавои қисман абрнок фаро гирифта, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти борон ва барф дар баъзе ноҳияҳо бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 0+5 дараҷа гарм то 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои қисман абрнок, борони кӯтоҳмуддат дар баъзе ҳолатҳо бошиддат борида, раъду барқ ба амал омада, шабона 4+6 ва рӯзона 14+16 дараҷа гарм мешавад.