Созиши Тоҷикистону Ӯзбекистон барои ҳамкорӣ дар омӯзишу нигоҳдории осори таърихӣ

Интизор меравад, ки ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар риштаи омӯзиш, ҷамъоварӣ ва нигоҳдории осори таърихӣ таҳким ёбад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Аҳлиддин Ибодуллозода, мудири Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Ҷаннат Исмоилов, директори Осорхонаи давлатии таърихи Ӯзбекистон шартномаи ҳамкорӣ имзо кардаанд.
Тибқи итилои расмӣ, шартномаи мазкур дар доираи вохӯрии Гурӯҳи кории таҳияи намоишгоҳи сайёри "Мероси муштараки Роҳи Абрешим" имзо шудааст. Намоишгоҳи мазкур рӯзҳои 3 ва 4-уми март дар шаҳри Тошканд баргузор гардид.
Таъкид шудааст, ки шартномаи ҷадид ба рушди ҳамкории осорхонаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бахши ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, омӯзиш, тармим ва муаррифии осори таърихӣ мусоидат мекунад. Ҳамчунин он шароит фароҳам меорад, ки ҷонибҳо аз таъриху фарҳанги ҳамдигар бештар огоҳӣ пайдо намоянд.
Ҳунармандони Ӯзбекистон дар Ҷашни Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд
Осорхонаи миллии Тоҷикистон соли 1934 таъсис ёфта, айни ҳол макони асосии ёдгориҳои таърихию фарҳангии кишвар мебошад. Қаблан сомонаи сайёҳии "TourStat" Осорхонаи миллии Тоҷикистонро ба даҳгонаи беҳтаринҳои ИДМ ворид карда буд.
Осорхонаи давлатии таърихи Ӯзбекистон, ки Тоҷикистон бо он созишнома баст, дар тобеияти худ 4 осорхонаи дигар дорад.
Гуфта мешавад, дар маҷмуъ дар Ӯзбекистон зиёда аз 300 осорхона фаъолият намуда, 20 адади онҳо дар шаҳри Тошканд ҷойгиранд.