Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Счастия - шаҳри озодшудаи Луганск: шодии сокинон дар гузориши тасвирӣ

Нерӯҳои Луганск ва Донетск шаҳракҳои навро зери назорат мегиранд. Ахиран шаҳри Счастия аз дасти миллатгароёни Украина озод карда шуд. Нишонаҳои ҳаёти осоиштаро дар гузориши тасвирии Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед
Sputnik
Русия субҳи барвақти рӯзи панҷшанбеи 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Тарсу ҳарос аз тиру туфанг: вазъи даҳшатовар дар ҶХД - ба ривояти тасвир
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд.
Шойгу гуфт, амалиёти вижаи артиши Русия дар Украина то кай давом мекунад
Он панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд.
Ҳайатҳои Русия ва Украина аллакай ду даври музокираашонро анҷом доданд, даври сеюми он дар чанд рӯзи оянд дар назар аст.