Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Русия дар Украина низоми оромӣ эълон кард

Вазорати дифои Русия аз ташкили долонҳои гуманитарӣ дар Украина хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Вазорати мудофиаи Русия мегӯяд, аз ҷониби нерӯҳояш дар Украина низоми оромӣ эълон карда мешаваду долонҳои гуманитарӣ барои берун шудани сокинони осоишта кушода мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, аз соати 10:00 бо вақти Маскав низоми оромии эълоншуда мавриди амал қарор мегирад.
Аз ҷумла дар назар аст, ки дар ин муддат долонҳои гуманитарӣ барои баромадани сокинони осоиштаи Мариупол ва Волновахи амал намоянд.
Вазорати дифои Русия изҳор дошт, ки замони оромию ташкили долонҳо бо ҷониби Украина мувофиқа шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан нерӯҳои милисаи мардумии ҷумҳурии халқии Донетск кумаки башардӯстона ба минтақаҳои озодшуда интиқол доданд. Аз ҷумла ба минтақаи Талаковка об, ғизо, гӯгирд ва шамъ расондаанд, чун феълан дар ин мавзеъ интиқоли барқу газ барқарор нашудаст.
Ҷабборов: Ҳамсояҳои Русия ҳеҷ тарсе набояд дошта бошанд - видео
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешаванд, ки то ҳол ду даври он анҷом ёфта, интизор меравад, рӯзҳои наздик даври сеюм сурат гирад.