ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Қувваҳои мусаллаҳи Русия дар ҷабҳа пеш рафта, дар як шабонарӯз 10 нуқтаи аҳолинишинро зери назорат гирифтанд, гурӯҳи ҶХД ба сарҳади нав расид.
Қувваҳои ҶХЛ дар як шабонарӯз 27 километр пеш рафта, манотиқи ҷадидро озод карданд.
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба суханони сухангӯи Вазорати дифои Русия генерал-майор Игор Конашенков хабар медиҳад.
"Гурӯҳи нерӯҳои Ҷумҳурии Халқии Луганск бо пуштибонӣ, оташфишонии нерӯҳои мусаллаҳи Русия амалиёти ҳамларо идома дода, ба хатти Богуславка - Телмаховка - Калиновка расиданд. Воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Мардумии Донетск дар як шабонарӯз 27 километр пеш рафтанд. Маҳаллаҳои Новогригоровка, Новониколаевка, Вишневатое, Волное, Листвянка ва Антоновка таҳти назорат гирифта шуданд", - гуфт ӯ.
Воҳидҳои қувваҳои мусаллаҳи Русия дар як ҷабҳаи васеъ амалиёти ҳуҷумӣ анҷом дода, 10 нуқтаи аҳолинишинро таҳти назорат гирифтанд, гуфт Конашенков.
"Дар як рӯзи охир шаҳракҳои Приображенка, Комсомолское, Загорное, Дорожянка, Решетиловское, Константиновка, Шевченко, Чубаревка, Пролетарское, Любимовка таҳти назорат гирифта шуданд", - изҳор дошт Конашенков.
Русия субҳи барвақти рӯзи панҷшанбеи 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард.
Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд.
Он панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд.
Ҳайатҳои Русия ва Украина аллакай ду даври музокираро анҷом доданд, даври сеюми он дар чанд рӯзи оянд дар назар аст.