Пушилин гуфт, сокинони Мариупол аз долони гуманитарӣ ғофиланд

Иттилоъ дар бораи ташкили долонҳои гуманитарӣ ба сокинони Мариупол расонда нашудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Денис Пушилин, роҳбари Ҷумҳурии Халқии Донетск мегӯяд, иттилоъ дар бораи низоми оромию ташкили долонҳои гуманитарӣ ба сокинони Мариупол расонда нашудааст.
"Ҷумҳурии халқии Донетск талош мекунад, ки иттилоъ дар бораи ташкили долонҳоро ба сокинони Мариупол расонанд", - овардааст РИА "Новости" аз қавли Пушилин.
Ӯ инчунин ҳушдор додааст, ки миллатгароён дар Украина метавонанд ба дастурот дар мавриди низоми оромӣ итоат накунанд.

"Хатари барҳам задани раванди долонҳои гуманитарӣ ва низоми оромӣ мавҷуд аст, миллатгароёни украинӣ метавонанд ба фармонҳо дар мавриди ташкили низом итоат накунанд", - изҳор доштаст роҳбари ҶХД.

Вазорати мудофиаи Русия ахиран эълон кард, ки аз ҷониби нерӯҳояш дар Украина низоми оромӣ эълон карда мешаваду долонҳои гуманитарӣ барои берун шудани сокинони осоишта кушода мешаванд. Ба иттилои манбаъ, аз соати 10:00 бо вақти Маскав низоми оромии эълоншуда мавриди амал қарор мегирад.
Вазорати дифои Русия изҳор дошт, ки замони оромию ташкили долонҳо бо ҷониби Украина мувофиқа шудааст.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин хатари асосӣ дар Украинаро гуфт
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешаванд, ки то ҳол ду даври он анҷом ёфта, интизор меравад, рӯзҳои наздик даври сеюмаш сурат гирад.