ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik.Русия аз ишғоли як пойгоҳи низомии Украина дар вилояти Херсон хабар дод, менависад РИА Новости.
Ба иттилои манбаъ, сарбозони украинӣ мавқеъҳои худро тарк карда, техника, аслиҳа ва муҳимоти ҷангии украинӣ, аз ҷумла танкҳои Т-64 ва Т-80, зиреҳпӯшҳо ва мошинҳои ҷангии пиёдагарди худро тарк карданд, хабар медиҳад вазорати дифои Русия.
Илова бар ин, низомиёни Русия ангареро пайдо карданд, ки зиёда аз 4,5 ҳазор тонна лавозимоти ҳарбӣ дар он ҷо нигоҳ дошта шудааст.
Тахмин меравад, ки дар ин ҷо қисмҳои гуногуни ҳарбӣ, аз қабили аскарони баҳрӣ, минаҷӯён, танкчиён ва дигаронро омода мекарданд. Дар чунин пойгоҳ имкони ҷо додани тақриан 4 ҳазор низомӣ мавҷуд аст.
Гуфта мешавад, алъон саперҳои Русия барои рафъи хатари мина кофтукови қаламравро идома медиҳанд. Таҷҳизот ва аслиҳа пас аз санҷиш ба пойгоҳи махсуси нигаҳдорӣ фиристода мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешаванд, ки то ҳол ду даври он анҷом ёфта, интизор меравад, рӯзҳои наздик даври сеюмаш сурат гирад.