Коршинос: Аврупо танҳо ду роҳ дорад - марги иқтисод ё гуфтушунид бо Федератсияи Русия

Сиёсатшинос Дмитрий Абзалов вазъи иқтисодии Аврупоро бар асари таҳримҳои ҷорӣ алайҳи Русия пешбинӣ кард
Sputnik
Ӯ зимни мусоҳиба бо "Sputnik" гуфт, ки ширкатҳои хориҷӣ ба умеди аз сар гирифтани ин раванд кори худро дар Русия мутаваққиф мекунанд.
Абзалов ҳамчунин дар бораи чӣ гуна боло рафтани нархи сӯзишворӣ ва газ дар Олмон пас аз таҳримҳо ибрози назар кард.
Вай қайд кард, ки таҳримҳо алайҳи Русия ҷаҳонро ба таназзули умумӣ мекашанд.

"Кишварҳои ғарбӣ паёмадҳои таҳримҳои эъмолшударо дарк мекунанд. Он ҷиддӣ хоҳад буд. Ҳарчи зудтар сари мизи музокира нишастану натиҷаи сиёсӣ ба даст овардан барои ширкаткунандагони берунии низоъ беҳтар хоҳад буд", - гуфт Абзалов.

Ӯ гуфт ҳамчунин гуфт, кишварҳои ғарбӣ то дарк накунанд, ки таҳримашон ба сокинонашон таъсири ҷидди расонидааст, сари мизи гуфтушунид намешинанд.
Вай инчунин ба таври мухтасар пешгӯии нархи газ ва нафтро барои ду моҳи оянда расонаӣ кард.
Ӯ гуфт, дар пайи ин таҳрим бештар аз ҳама шаҳрвандони аврупоӣ зарар хоҳанд дид.
Ба гуфтаи коршинос, аз оғози амалиёти Русия дар Украина нархи газ дар Аврупо то се баробар афзуд ва ҷаҳиши қимати нафт низ пешгӯӣ мешавад.