Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Володин: Зеленский Украинаро тарк кард

Раиси Думаи давлатии Русия гуфт, Зеленский тарки Украина кард ва феълан дар Лаҳистон қарор дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Владимир Зеленский Украинаро тарк кард ва ҳоло дар Лаҳистон қарор дорад, гуфт раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин.

"Зеленский Украинаро тарк кард. Вакилони Верховная Рада гуфтанд, ки дар Лвов ба назди ӯ расида наметавонанд. Ҳоло ӯ дар Лаҳистон аст", — навиштааст Володин дар шабакаи телеграмии худ.

Қаблан, рӯзи 26 феврал раиси Думаи давлатӣ бо ишора ба иттилоъ аз вакилони Верховная Рада гуфта буд, ки Зеленский шитобон Киевро тарк карда, ба Лвов рафтааст.
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лукашенко: Ғарб мехоҳад Русия ва Беларусро дар буҳрони Украина "ғарқ" кунад
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешаванд, ки то ҳол ду даври он анҷом ёфта, интизор меравад, рӯзҳои наздик даври сеюмаш сурат гирад.