Юсуф Раҳмон ба парлумон гузориш медиҳад

Гузориши солонаи додситонии кулли Тоҷикистон ба палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ нимаи моҳи март дар назар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ба аъзои Маҷлиси миллӣ рӯзи 15 март гузориш медиҳад.
Ба иттилои дафтари матбуотии Маҷлиси миллӣ, ҳисоботи додситони кул дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Тоҷикистон дар давоми соли 2021 мебошад.
Зикр шудааст, ки аллакай Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ бо имзои қарори ҳукумат рӯзи 15 март дар шаҳри Душанбе ҷаласаи палатаи болоии парлумонро даъват намудааст.
Бар асоси иттилоияи расмӣ, аъзои маҷлис дар баробари баррасии ҳисоботи Юсуф Раҳмон инчунин бархе қонунҳоро тасвиб хоҳанд кард.
Юсуф Раҳмон бо дастовардҳои электронии қазоии Эрон ошно шуд
Дар феҳрасти қонунҳое, ки тасвибашон аз ҷониби палатаи болоии парлумон дар назар аст, тағйирот ба Қонун дар бораи Ҳукумати Тоҷикистон зикр мешавад.
Инчунин тасвиби қонунҳо дар бораи захираҳои генетикӣ, дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ ва тағйирот ба Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ низ дар назар аст.
Аъзои Маҷлиси миллӣ ҳамчунин номи бархе аз маҳаллаҳои аҳолинишин дар ноҳияи Шаҳринавро, ки аз ҷониби вакилони маҳаллӣ пешниҳод шудаанду ҳукумат онҳоро тасдиқ кардааст, мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.