Русия аз фитнаи Киев дар нерӯгоҳи ҳастаии Запорож гуфт

Вазорати дифои Русия мақомоти Киевро дар ташкили иғво дар нерӯгоҳи ҳастаии Запорож айбдор кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Нерӯҳои Украина қасд доштанд, бо оташкушоӣ сӯйи нерӯгоҳи ҳастаии Запорожро тавтеаеро ба вуҷуд оранд, изҳор дошт намояндаи Вазорати дифои Русия, генерал-майор Игор Конашенков.
Ба иттилои генерал, нерӯҳои Русия 28-уми феврал шаҳри Энергодар, нерӯгоҳи ҳастаии Запорож ва минтақаҳои атрофи онро зери назорат гирифтанд. Ӯ афзуд, нерӯҳои украинӣ то расидани қувваҳои низомии Русия иншоотро тарк карда, пинҳон шуда буданд.
Конашенков мегӯяд, ҳайати кормандони нерӯгоҳ фаъолияташонро тибқи реҷаи муқаррарӣ давом медоданд.

"Аммо режими Киев қасди фитна карда, 4 март, тақрибан соати 2:00 ҳайати сайёри посбонҳои "Росгвардия" ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд. Барои таҳрики оташи ҷавобӣ аз маҷмаи таълимию тамринӣ сӯйи низомиён оташ кушода шуд", - илова намуд вай.

Намояндаи Вазорати дифоъ таъкид намуд, ки бо оташи ҷавобӣ ҳамлагарон танг карда шуда, онҳо зимни тарк кардани нерӯгоҳ маҷмааи таълимиро оташ заданд.
Ахиран хабар дода шуд, ки дар пайи даргирӣ дар майдони ҷойгиршавии нерӯгоҳи ҳастаии Запорож сӯхтор ба амал омадааст. Таъкид шудааст, ки қисмати ҳастаӣ зарар надида, ба муҳити атроф хисороте нарасидааст.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Олмон напазируфтани Украина ва Гурҷистонро ба НАТО иқдоми дуруст хонд
Маврид ба зикр аст, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.