ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин эълом кард, ки ба ҳар кадоме аз хонаводаи низомиёни дар амалиёти низомӣ дар Украина кушташуда 7 миллион рубл пардохт хоҳанд шуд.
Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, пардохти иловагӣ дар ҳаҷми 5 миллион рубл муқаррар карда мешавад, хабар медиҳад РИА "Новости".
"Ба тамоми аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбӣ, ки дар ҷараёни амалиёти вижаи низомӣ дар Украина ҳалок шудаанд, суғуртаи пешбининамудаи қонун ва кумакпулии яквақта дода мешавад. Ин 7 миллиону 421 ҳазор рубл аст", - гуфт Путин дар мулоқот бо аъзои доимии Шӯрои амнияти Федератсияи Русия.
Гуфта мешавад, ҷубронпулии ҳармоҳа ба ҳар як аъзои оилаи фавтида низ пардохт мешавад.
"Илова бар ин зарур мешуморам, ки ба оилаи ҳар як низомии ҳалокшудаи Вазорати дифоъ, хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, ки дар амалиёт иштирок доранд, ба маблағи 5 миллион рубли русӣ маблағи иловагӣ муқаррар карда шавад", - гуфт Путин.
Вай афзуд, ба низомиёне, ки дар ҷараёни ин амалиёт захмӣ шудаанд, бима ва кумакпулии якдафъаина барои табобат дарёфт хоҳанд кард.
Агар хизматчии ҳарбие, ки аз руи шартнома хизмат мекунад, бинобар захм бардоштан ғайриқобили кор дониста шавад, ба ӯ ба маблағи 2 миллиону 968 ҳазор рубл ёрдампулии якдафъаина ва дар сурати маъюб шудан ҳар моҳ ҷубронпулӣ дода мешавад.
Президент қайд кард, ки барои хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа, хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, ки дар амалиёт иштирок намуда, ҷароҳат бардоштаанд, ба ҳар кадоме 3 миллион рублӣ маблағи иловагӣ пешбинӣ карда шавад.
Дар ин ҷаласа раисиҷумҳур ва аъзои фаврии Шӯрои амният хотираи сарбозони кушташудаи Русияро бо як дақиқа сукут гиромӣ доштанд.
Ёдрас менамоем, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд. Он панҷ соат тӯл кашид.
Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд.
Дидори дуввуми ҳайатҳои русӣ ва украинӣ дар марзи Беларусу Лаҳистон баргузор шуд, ки Маскав ва Киев дар мавриди таъмини муштараки долонҳои башардӯстона барои кӯчонидани шаҳрвандон, интиқоли ғизо ва дору ба тавофуқ расиданд.