Дар ин бора Кремл хабар дод.Русия, Владимир Путин бо ҳамтои худ Александр Лукашенко рафти амалиёти махсуси низомии Русия барои ҳифзи шаҳрвандони Донбассро баррасӣ кард.
Дар ин бора дафтари матбуотии Кремл хабар дод.
Манбаъ меафзояд, зимни суҳбат президенти Беларус аз пиёда шудани амалиёти низомӣ дар Украина ҳимоят кард.
Зимнан роҳбари Русия изҳор дошт, ки амалиёт дар Украина аз рӯи нақша пурра иҷро мешавад. Раисҷумҳурон ду даври музокироти ҳайатҳои Русия ва Украинаро низ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.