ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Рад кардани пайвастшавии Украина ва Гурҷистон ба НАТО тасмими дуруст буд, гуфт садри аъзами Олмон Олаф Шолтс дар суҳбат бо шабакаи телевизиони ZDF. Дар ин бора РИА "Новости" хабар медиҳад.
"Ин тасмими дуруст буд. Дар НАТО дар робита ба ин масъала музокироти тӯлонӣ сурат гирифт. Ҳоло он дар рӯзнома нест... Ворид шудани Гурҷистон, Молдова ва Украина ба Иттиҳодияи Аврупо масъалае нест, ки то хуб шудани авзоъ дар Украина бояд матраҳ шавад", - гуфт Шолтс.
Кишварҳои НАТО дар нишасти Бухарест соли 2008 тасдиқ карданд, ки Гурҷистону Украина ҳаққи узвият дар ин паймонро доранд ва ин масъаларо ба муддати номуайян ба таъхир андохтанд.
Моҳи июни соли гузашта раҳбарони блоки низомӣ дар як нишаст дар Брюссел аз ҳаққи пайвастан ба НАТО ҳимоят карданд.
Онҳо ҳамчунин бар зарурати идомаи ислоҳот изҳори назар карданд, аммо замони эҳтимолии вуруди ин давлатҳо ба ин созмонро ном набурданд.
Моҳи декабри соли 2014 Украина аз мақоми ғайриблокӣ даст кашид ва баъд аз он дар Конститутсия роҳи пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО-ро ҳадаф қарор дод.
Ҳоло Украина мақоми шарики Эътилофи Атлантикаи Шимолӣ бо қобилиятҳои мукаммалро дорад, аммо ба узвияти комил исрор мекунад.
Русия ба тавсеаи минбаъдаи НАТО ба самти шарқ комилан мухолиф аст. Ин талаби асосии ҳуҷҷатҳо ба кафолати бехатарӣ гардид, ки Маскав онҳоро ба Вашингтон ва Брюссел супурд.
Ҷониби Русия аз Ғарб тақозо дорад, аз таъсиси пойгоҳҳои низомӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ, истиқрори силоҳи зарбазан дар наздикии марзҳояш ва афзошиши густараи НАТО дар Аврупои Шарқӣ даст кашад.
Русия субҳи барвақти рӯзи панҷшанбеи 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд.
Он панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд.
Ҳайатҳои Русия ва Украина аллакай ду даври музокира анҷом доданд, даври сеюм дар чанд рӯзи оянд дар назар аст.