ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ғарб алайҳи Русия ҷанги бесобиқаи иттилоотӣ оғоз кард. Дар ин бора Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсия изҳори назар кард.
"Мо мебинем, ки Ғарб имрӯз алайҳи кишвари мо ҷанги воқеии иттилоотиро оғоз кардааст. Аз назари густардагӣ, аз ҷиҳати тамаркузи нафар он бесобиқа аст", - гуфт ӯ дар ҷаласаи Шӯрои Федератсияи Русия.
Ба гуфтаи вай, он чизеро, ки шабакаҳои иҷтимоии Амрико мегӯянд, "бомбгузории иттилоотии қолинӣ дар ҷомеаи мо" аст.
"Дар воқеъ ҷанг бар зидди харобиҳои рӯҳӣ, маънавӣ ва фарҳангии Ватани мо идома дорад", - гуфт Матвиенко.
Қаблан хабар дода шуд, ки "Google News" ба бастани маводи манобеи Оҷонсии МИА "Россия сегодня" шуруъ кардааст. Ин ниҳод чунин маҳдудиятҳоро сензура медонад.
Ҳамчунин чанд рӯз аст, ки дар пасманзари изҳороти "Anonymous" дар бораи оғози ҷанги сайберӣ бо Русия ва таҳримҳои Ғарб алайҳи сомонаҳои "Sputnik" дар саросари ҷаҳон ҳамлаҳои DDoS анҷом мешавад.
Қаблан "Google" барномаҳои марбут ба "Sputnik" ва "Russia Today"-ро аз "Play Store" дар саросари Аврупо масдуд карда буд.
Русия субҳи барвақти рӯзи панҷшанбеи 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд.
Он панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд.
Ҳайатҳои Русия ва Украина аллакай ду даври музокира анҷом доданд, даври сеюм дар чанд рӯзи оянд дар назар аст.