ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҷавонписаронро ба хидмати ҳарбӣ даъват кард.
Дар ин бора фармони вижаи раисҷумҳури Тоҷикистон ба имзо расидааст.
Ҳамин тавр, тибқи фармони кишвардор, сарбозоне, ки муҳлати муқарраргардидаи хидмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2022 аз сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ рухсат мешаванд.
Дар баробари ин, тибқи фармони президент, моҳҳои апрел-майи соли 2022 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18-расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтар, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хидмати ҳарбиро надоранд, барои сарбозӣ дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват мешаванд.
Ба ин гурӯҳ мардони аз 18 то 27-сола дохил мешаванд.
Дар ин росто Вазорати мудофиа, раисони комиссияи даъватии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо уҳдадор шудаанд, ки даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби даъватшавандагон ба таври дақиқ таъмин намоянд.
"Раисони шаҳру ноҳияҳо бо дарки масъулият як ҷо бо комиссариатҳои ҳарбӣ барои амалӣ намудани муқаррароти моддаи 23, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" даъвати муташаккилонаи шаҳрвандонро ба хидмати ҳарбӣ ба роҳ монанд", - омадааст дар фармон
Ҳамчунин Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мебояд барои муоинаи тиббии даъватшавандагоне, ки аз ҷониби комиссияи даъватии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ даъват шудаанд, табибону мутахассисони ботаҷрибаро сафарбар намояд.