ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Владимир Зеленский гуфт, ки муколамаи мустақим бо президенти Русия Владимир Путин барои боздоштани ҷанг муҳим аст.
"Муколамаи мустақим бо Путин барои боздоштани ҷанг муҳим аст", - афзуд Зеленский ба CNN.
Русия субҳи барвақти рӯзи панҷшанбеи 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд, ҳеҷ чиз ба мардуми осоишта таҳдид намекунад.
Дар ҳамин ҳол рӯзи 3 март музокироти навбатии Русия ва Украина оғоз гардид.
Нахустин музокироти Русия ва Украина рӯзи 28 феврал дар Беларус баргузор шуда буд. Пас аз анҷоми гуфтушунид ҳайатҳои ҳар ду кишвар барои машварат ба пойтахҳои худ баргаштанд.
Интизор меравад, дар музокироти феълӣ масъалаи оташбас мавриди баррасӣ қарор гирад.