ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Се нафар аз захмиёни сӯхтори шадид дар ноҳияи Қубодиён ба шаҳри Душанбе оварда шуданд. Дар ин бора "Pressa tj" бо истинод ба Холмурод Ойматов, сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён хабар дод.
Манбаъ аз қавли сардухтур менависад, ки рӯзи 2 март, як ҷароҳатбардоштаи 24-сола аз ноҳияи мазкур ба пойтахт интиқол дода шуд.
Зимнан аз Раёсати тандурустии вилояти Хатлон низ ба ин манбаъ хабар додаанд, ки се захмии сӯхтори нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Қубодиён ба шаҳри Душанбе оварда шудаанд.
"Як нафар аз беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён ва ду нафари дигар аз Маҷмаи дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон оварда шуданд", - омадааст дар хабар.
Бояд гуфт, як нафар аз захмиёни ин сӯхтор ҳанӯз 22-юми феврали соли ҷорӣ фавтида буд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 21феврал дар натиҷаи сӯхтори як нуқтаи фурӯши сузишворӣ дар ноҳияи Қубодиён 14 нафар ҷароҳат бардошта буданд.
Ба аёдати беморон муовини вазири тандурустӣ Ғафур Муҳсинзода рафт ва ваъда дод, ки табобати онҳоро худи вазир назорат мекунад.