Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Русия гуфт, аз оғози амалиёти вижа дар Украина чанд сарбозаш кушта шудааст

Вазорати дифои Русия иттилоъ додааст, ки дар ҷараёни амалиёти вижа дар Украина 498 сарбози рус кушта шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Генерал-майор Игор Конашенков, намояндаи расмии Вазорати дифои Русия маълумот дар бораи талафоти артиши Русия дар амалиёти вижа дар Украинаро ошкор кард.
Тибқи иттилои Вазорати дифои Русия, дар ҷараёни амалиёти вижаи артиши Русия дар Украина 498 низомии ин кишвар кушта ва 1597 сарбоз захмӣ шудаанд.
Оқои Конашенков ба рӯзноманигорон хабар дод, ки даъватшавандагон ба сафи артиш ва муҳассилини муассисаҳои таълимии Вазорати дифоъ дар амалиёти Донбасс ширкат намекунанд. Вай ҳамчунин маълумот дар бораи талафоти "беҳисоб"-и артиши Русияро рад кард.

"Иттилооте, ки бисёре аз расонаҳои ғарбӣ ва инфиродии Русия дар бораи талафоти гӯё "беҳисоб"-и артиши Русия паҳн мекунанд, воқеъият надоранд", - гуфт генерали рус.

Намояндаи Вазорати дифои Русия дар бораи талафоти артиши Украина низ маълумот дод. Тибқи иттилои ин ниҳоди низомӣ, зиёда аз 2870 сарбози украинӣ кушта, 3700 нафар аз онҳо захмӣ шуданд. Шумораи асирон 572 нафарро ташкил медиҳад.

Амалиёти вижаи Русия дар Украина

Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
СММ мегӯяд, аз Украина як миллион нафар паноҳанда шудааст
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд.
Он панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд.
Дидори баъдии ҳайатҳои русӣ ва украинӣ дар марзи Беларусу Лаҳистон баргузор мешавад.