Варзишкорони Русия аз иштирок дар Бозиҳои паралимпики Пекин маҳрум шуданд

Кумитаи байналмилалии паралимпик варзишкорони Русияро аз иштирок дар бозиҳо маҳрум кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Кумитаи байналмилалии паралимпик (IPC) варзишгарони рус ва беларусро ба далели он ки аз тарафи дигар кишварҳои ширкаткунанда дар ин бозиҳо таҳрим шудаанд, аз иштирок дар бозиҳои Пекин маҳрум кард.
“Дар давоми 12 соати охир шумораи зиёди иштирокчиён тамос гирифтанд ва бо мо хеле ошкоро суҳбат карданд. Ман аз онҳо миннатдорам. Онҳо ба мо гуфтанд, ки агар фикри худро иваз накунем, ин иқдом метавонад барои Бозиҳои паралимпики Пекин дар соли 2022 оқибатҳои манфии ҷиддӣ дошта бошад. Ба чанд кумитаи миллии паралимпик, ки мақомоти кишварҳояшон тамос гирифтаанд, варзишкорону тимҳо таҳдид мекунанд, бо варзишкорони рус рақобат нахоҳанд кард", - гуфт Ҷон Парсонс, раиси Кумитаи байналмилалии паралимпик.
Кумитаи паралимпики Русия ин тасмимро ғайриқонунӣ хонд ва гуфт, ин қазияро додгоҳӣ мекунад.
Абрамченко: Русия шароити зиддитаҳримиро фароҳам кардааст
Қаблан Кумитаи Байналмилалии Паралимпик тасмим гирифта буд, ки ба варзишгарони Русия ва Беларус иҷозаи ширкат дар ин бозиҳо бидиҳад.
Зикр гардид, ки ҷоизаҳои онҳо дар ҷадвали медалҳои ғайрирасмии бозиҳо ба инобат гирифта намешаванд.
Дар ҳамин ҳол қаблан Кумитаи Байнулмилалии Олимпӣ (КБО) ба созмонҳои варзишӣ тавсия дода буд, ки ба варзишгарони Русия ва Беларус иҷоза надиҳанд, ки дар мусобиқаҳо ширкат кунанд.