Тоҷикистониён афтиши ҷисми кайҳонӣ ба рӯи Моҳро хоҳанд дид

Сокинони Тоҷикистон, Словакия ва Итолиё бидуни телескоп метавонанд бархӯрди як объекти кайҳонӣ бо Моҳро бубинанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Олимони рус хабар доданд, ки 4 март як объекти кайҳонӣ ба рӯи Моҳ меафтад, хабар медиҳад дафтари матбуотии Донишгоҳи федеролии Шарқи Дур.
Гурӯҳи тадқиқотии расадхонаҳои Тоҷикистон омодааст, ки ин ҳодисаро мушоҳида кунад.
Дар ин бора олимони Институти астрономияи амалии Академияи илмҳои Русия дар ҳайати як гурӯҳи байналмилалии Пажуҳишгоҳи технология ва маводи пешрафтаи Донишгоҳи федералии Шарқи Дур хабар доданд.
Олимон афтидани объекти WE0913A-ро дар паҳлӯи радифи табиии Замин бо суръати 2600 м/с тасдиқ карданд.

"Дар расадхонаҳои Тоҷикистон, Словакия ва Итолиё ин ҳодисаро метавон мушоҳида кард. Сокинони Омск ва Новосибирск онро бидуни истифода аз таҷҳизоти вижа тамошо хоҳанд кард", - омадааст дар хабар.

Дар асоси натиҷаҳо гурӯҳи олимон тахмин мекунанд, ки зарба ба сатҳи Моҳ соати 12 ва 34 дақиқа ба вақти Маскав (14:34 ба вақти Душанбе) ба амал меояд.

"Инсон то дараҷаи шашумро дида метавонад ва ин падида дараҷаи дувум дорад, аз ин рӯ, бидуни дурбин ё телескоп пайгирӣ кардани он имконпазир хоҳад шуд", - гуфтанд муҳаққиқон.

Олимон қайд мекунанд, ки чунин пешгӯиҳо хеле кам карда мешаванд. Аммо дар рӯи замин тадқиқ кардани оқибатҳои таъсири он барои беҳтар фаҳмидани хусусиятҳои микрофизикии Моҳ, инчунин барои омӯхтани худи ҷисм натиҷаи муҳим медиҳад.