Сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт, ҳадафи амалиёти вижаи дар Украина чист

Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов вазъи Украинаро дар пасманзари корзори густурдаи иттилоотии таҳрифшуда шарҳ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Таҳдид ба мардуми осоиштаи Украина имрӯз на аз тарафи низомиёни Русия аст, ки танҳо ба ҳадафҳои низомӣ бо силоҳҳои дақиқ зарба мезананд, балки аз сӯйм режими Киев сурат мегирад.
Дар ин бора Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт.
"Миллатгароён дар назди деворҳои боғчаҳо ва мактабҳо танкҳо, тӯпхонаҳо ва системаҳои мушакҳои сершумор гузошта, дар боми хонаҳо мавқеъҳои тирандозӣ муҷаҳҳаз кардаву занону кӯдаконро сипар мекунанд", - гуфт дипломат.
Ба гуфтаи ӯ, низомиёни асиршудаи Русия мавриди шиканҷа қарор мегиранд ва роҳзанҳои украинӣ ин шиканҷаҳоро дар видео сабт ва “бо бераҳмӣ худнамоӣ мекунанд”.
Дар пасманзари иттилооти таҳрифшудаву дурӯғин, ки ҳамарӯза паҳн мешаванд, сафир таъкид кард, ки ба он набояд дода шуд ва тамоми ахборро пеш аз интишор дигарбора бояд санҷид.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Маълум шуд, нерӯҳои Русия чанд зерсохти низомии Украинаро тахриб кардаанд
"Кишварҳои паймон кӯшиш мекунанд, ки аз қаламрави Украина бар зидди кишвари мо истифода кунанд, пойгоҳ эҷод кунанд. Мо дар 8 соли охир борҳо дар ин бора ҳарф задаем, аммо, мутаассифона, муроҷиати моро на Киев ва на ҷониби давлатҳое шуниданд, ки онро бо аслиҳа дастгириву сарпарастӣ мекунанд", - қайд кард сафир.
Ба гуфтаи ӯ, нақшаҳои Русия ишғоли Украинаро дар бар намегиранд ва ин кишвар чунин як ният надорад.
Артиши Русия ба шаҳрҳо ва сокинони осоишта зарбаҳои мушакӣ, ҳавоӣ ва тӯпхонаӣ намезанад, ин ҷониби Украина аст, ки видеоҳои сохтаро пахш мекунанд, афзуд Лякин-Фролов.
Илова бар ин дипломат таъкид кард, ки амалиёти махсус комилан қонунӣ буда, тибқи моддаи 51, қисми 7, Оинномаи СММ, бо иҷозати Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия ва бо дархости расмии раҳбарияти ҶМЛ ва ҶМД сурат мегирад.

"Дар шароити кунунӣ ин ягона иқдоми имконпазир буд, ки пеш аз ҳама бо мулоҳизаҳои башардӯстона, талоши ҳифзи аҳолии осоиштаи ҶМЛ ва ҶМД, аз ҷумла садҳо ҳазор шаҳрванди Русия пеш гирифта шуд", - гуфт ӯ.

Сафири Русия гуфт, он чӣ дар Донбасс ва Украина рух дод, пайомади "кудатои зиддиконститутсионӣ дар моҳи феврали соли 2014" аст, ки аз ҷониби нерӯҳои миллатгаро бо ҳимояти Ғарб анҷом шуд.
"Дар як давлате, ки даҳҳо миллион шаҳрванди русзабон дорад, режими нави Киев бар зидди забон ва фарҳанги рус муборизаи оштинопазир роҳандозӣ кард. Идеологияи миллатгароӣ ба таври хашмгин ворид карда шуд. Интиқодҳои ғайриқонунӣ алайҳи рақибони сиёсӣ ва таъқиби дигарандешон ба кори ҳамарӯза табдил ёфтанд", — ёдовар шуд сафир.
Жилин: Артиши Русия метавонад Киевро ба хок яксон кунад, аммо барои мо ин кор лозим нест
Ба гуфтаи сафири Русия дар Тоҷикистон, тамоми ин наслкушии ҳаштсола ва "ҷанги хунин алайҳи сокинони Донбасс ва муҳосираи минтақа" дар манобеи расмӣ сабт шудааст.
Вай ҳамчунин аз суханони Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар мавриди амалиёти вижаи Русия ёдовар шуд ва таъкид кард, ки ин ҷанг нест, тавре ки "душманон" онро таъбир мекунанд, балки ғайринизомисозии Украина аст.