Рустами Эмомалӣ ба Озарбойҷон рафт

Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ вориди шаҳри Боку шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, мири шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуд.
Дар ин бора хадамоти матбуотии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Ҳайдар Алиев Рустами Эмомалиро муовини раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон, сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон ва дигар намояндагони расмӣ истиқбол гирифтаанд.
Рустами Эмомалиро дар ин сафар раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.