ДУШАНБЕ, 3 мар - Sputnik. Тайи амалиёти вижа нерӯҳои мусаллаҳи Русия беш аз 1600 зерсохти низомӣ дар Украинаро тахриб кардаанд.
Дар ин бора генерал-майор Игор Конашенков, сухангӯи Вазорати дифои Русия рӯзи панҷшанбе хабар дод.
"Дар ин амалиёт дар маҷмуъ 1612 ҳадаф, аз ҷумла: 62 постгоҳи назоратӣ ва маркази иртиботии қувваҳои Мусаллаҳи Украина, 39 маҷмаи зиддимушакии С-300, Бук М-1 ва "Оса", 52 истгоҳи радиолокатсионӣ тахриб шуданд", — омадааст дар хабари РИА "Новости".
"Ҳамчунин 49 ҳавопаймо дар рӯи замин ва 13 ҳавопаймо дар ҳаво, 606 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, 67 системаи мушаки чандманзура, 227 тӯп ва хумпораандози саҳроӣ, 405 адад мошини махсуси низомӣ ва 53 ҳавопаймои бесарнишин низ несту нобуд карда шуд”, - қайд кард Конашенков.
Ёдовар мешавем, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд.
Он панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд.
Дидори баъдии ҳайатҳои русӣ ва украинӣ дар марзи Беларусу Лаҳистон баргузор мешавад.