Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Путин русҳо ва украинҳоро як мардум гуфт

Кишвардори Русия дар суханронии ахири худ русҳо ва украинҳоро як мардум гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Русҳо ва украинҳо як мардуманд, гуфт Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва илова намуд, ки аз ин эътиқоди худ ба ҳеҷ ваҷҳ даст намекашад.
"Ман ҳеҷ гоҳ аз эътиқоди худ даст намекашам: русҳо ва украинҳо як халқ ҳастанд, ҳатто бо вуҷуди он ки қисми зиёди сокинони Украинаро тарсонданд, бисёриҳо ба таблиғи миллатгароёни фашистӣ фирефта шудаанд ва баъзеҳо ба қатори фашистҳое ворид шуданд, ки дар солҳои ҷанг аз Гитлер ҷонибдорӣ мекарданд", - изор дошт Путин дар мулоқот бо аъзои доимии Шӯрои амният.
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Путин: Русия тамоми талошро мекунад, то мардуми осоиштаи Украинаро ҳимоя намояд
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Зеленский мегӯяд, муколамаи мустақим бо Путин барои хатми ҷанг муҳим аст
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд.
Он панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд.