ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Маскав ва Киев дар мавриди таъмини муштараки долонҳои башардӯстона барои кӯчонидани шаҳрвандон, интиқоли ғизо ва дору ба тавофуқ расиданд.
Дар ин бора мушовири раиси Дастгоҳи президенти Украина дар пайи натоиҷи даври дувуми музокироти ҳайатҳои ду кишвар иттилоъ дод.
Иштирокчиёни ҷаласа, ки дар Беловежская Пуша, дар қаламрави Беларус ташкил шуда буд, имкони оташбас ҳангоми кӯчонидани шаҳрвандонро баррасӣ карданд.
Зимнан ёвари президенти Русия Владимир Мединский аз дигар ҷузъиёти ин музокира гуфт.
Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо се масъаларо баррасӣ карданд. Якум – ҳарбӣ, дуюм – гуманитарии байналмилалӣ ва савум – ҳалли сиёсии низоъ дар оянда.
Мединский ҳамчунин созиш дар бораи долонҳои башардӯстонаро пешрафти қобили мулоҳиза номид.
Леонид Слутский, раиси Кумитаи байналмилалии Думаи давлатӣ, ки дар ин нишаст ширкат дошт, таъкид кард, созишномаҳо бо Украина шояд қарорҳои парлумонро тақозо кунанд.
Дар ояндаи наздик ҳайатҳои вакилон марҳилаи савуми гуфтушунидро мегузаронанд.
Ёдовар мешавем, ки марҳалаи аввали музокироти Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус рӯзи 28 феврал сурат гирифта, тақрибан 5 соат идома кард. Тарафҳо ҳанӯз ба як карори конкретӣ дар бораи қатъи ҷанг омада натавонистаанд, вале баъзе нуктаҳои алоқа ва масъалаҳоеро муайян карданд, ки муҳокимаи минбаъдаро талаб мекунанд. Ҳайати Русияро ёвари президенти Русия Владимир Мединский раҳбарӣ мекард.
Дар он ҳамчунин муовини вазири корҳои хориҷӣ Андрей Руденко, сафир дар Беларус Борис Гризлов, раиси Кумитаи байналмилалии Думаи давлатӣ Леонид Слутский ва муовини вазири дифоъ Александр Фомин низ ширкат карданд.