ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Дар Боку байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд
Дар ин бора Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ин вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои робитаҳои байнипарлумонӣ, дурнамои рушди муносибатҳои ҳамкорӣ бо Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон, инчунин ҷанбаҳои муҳими муносибатҳои ҳамкории ду кишвар ва масъалаҳои дорои аҳамияти минтақаӣ баррасӣ гардидаанд.
Дар оғози мулоқот Рустами Эмомалӣ барои даъват ба нахустин сафари расмӣ ба Озарбойҷон ба ҳамтояш изҳори сипос карда, Ғафороваро барои анҷоми сафар ба Тоҷикистон даъват кард. Даъвати сиёсатмадори тоҷик аз ҷониби ҳамтои озарбойҷонияш хуш пазируфта шуд.
Рустами Эмомалӣ таъкид кардааст, Тоҷикистон ба муносибатҳои дӯстии анъанавӣ ва тавсеаи ҳамкории гуногунҷанбаи байнидавлатӣ бо Озарбойҷон, ки дар натиҷаи муколамаи доимии сиёсӣ дар сатҳи олӣ ҳосил шудаанд, аҳамияти хоса медиҳад.
Ҳамчунин дар робита ба 30-юмин солгарди муносибатҳои дипломатии байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҷонибҳо вусъати ҳамкорӣ дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро дар заминаи назарраси ҳуқуқӣ, ки 59 ҳуҷҷатро дар бар гирифтааст, зарур шуморидаанд.
Дар зимни баррасии масъалаҳои ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ пешниҳод гардидааст, ки дар ҳошияи таҷлили сисолагии муносибатҳои дипломатии байни ду кишвар чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ барпо карда шавад.
Дар рафти музокирот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ намуда, тақвияти кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ дар умури ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратиро зарур шуморидаанд.
"Аз ҷумла бахшҳои сохтмону нақлиёт, телекоммуникатсия, энергетика, саноат, ҷалби доираи соҳибкорию сармоягузории ҷониби Озарбойҷон ба татбиқи лоиҳаҳои бунёди корхонаҳои муштарак аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории минбаъда арзёбӣ гардид", - омадааст дар хабар.
Инчунин ҷонибҳо барои таъмини амният дар минтақа барои муборизаи муштарак алайҳи таҳдидҳои глобалӣ — терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ табодули андеша карда, атрофи қазияи Афғонистон ибрози назар намудаанд.