Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Дар Маскав низоми QR-код бекор карда шуд

Мири Маскав фармон дар бораи лағви QR-код ва қисми зиёди маҳдудиятҳоро имзо кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Дар Маскав истифодаи QR-кодҳо ботил эълон мешавад, гуфт раиси пойтахти Русия Сергей Собянин.

"Имрӯз ман фармонеро имзо кардам, ки тибқи он, аз рӯзи панҷшанбеи 3 марти соли 2022 истифодаи QR-кодҳо дар Маскав қатъ мешавад", — навиштааст ӯ дар блоги худ.

Собянин тавзеҳ дод, ки шумораи ҳолатҳои нави бемории омикрон ва бистаришавӣ дар беморхонаҳо коҳиш ёфта истодааст, ки ин имкон медиҳад, қисми зиёди чораҳо бекор карда шаванд.
Ҳамчунин тамоми маҳдудиятҳои вобаста ба фаъолияти қаҳвахонаву тарабхонаҳо, театру осорхонаҳо, консертҳо, иншооти фароғатӣ, фарҳангӣ, таълимӣ ва варзишӣ бардошта шуданд.
Хонашинӣ барои маскавиҳои аз 60-сола боло ва шаҳрвандони гирифтори бемориҳои музмин ба ҷои ҳатмӣ будан тавсиявӣ мешавад.
Ба зудӣ дар Маскав барномаи "Маскави дарозумр" ба кор шуруъ мекунад.