ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Аз оғози буҳрони Украина Русия барои ҳалли ихтилофот бо роҳи сулҳомез ва дипломатӣ талошҳои пайваста кардааст.
Дар ин бора Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ӯ ёдовар шуд, ки бо кумаки Русия ва дигар миёнаравҳои байналмилалӣ имкони ҷилавгирӣ аз идомаи хунрезӣ ҳаст.
"Маҷмуи чораҳо дар бораи татбиқи созишномаҳои Минск аз 12 феврали соли 2015" таҳия ва бо қатъномаи 2202 -и Шӯрои амнияти СММ тасдиқ карда шуданд.
Лякин-Фролов қайд кард, ки ин санад имкони ҳалли сиёсии муноқиша дар шарқи Украина ва дубора ворид кардани Донбасс ба ҳайати онро фароҳам меорад.
Аммо аз замони имзои бастаи тадбирҳо Киев ошкоро беэътибор будани тавофуқоти дар Минск ҳосилшуда ва майл надоштани онҳоро ба иҷрои он эълон мекунад.
"Созишномаҳои Минск кайҳо ба хок супурда шуда буданд, на аз ҷониби мо",- гуфт сафир.
Игор Лякин-Фролов таъкид кард, ки мақомоти Украина аз муколамаи мустақим бо Донбасс худдорӣ карда, ба ҳалли буҳрон бо роҳи низомӣ иқдом карданд.
Киев ба иҷрои созишномаҳои Минск ошкоро зиддият карда, воқеан аз риояти онҳо канор рафт.
"Дар тӯли ин солҳо даҳҳо ҳазор ғайринизомӣ кушта ё захмӣ шуданд, муҳосираи пурраи нақлиётӣ ва иқтисодӣ ҷорӣ карда шуд ва пардохти нафақаву кӯмакҳои иҷтимоӣ ба сокинони ҷумҳуриҳои Донетску Луганск қатъ шуд", - гуфт дипломати рус.
Фролов таъкид кард, ки Киев аз ягон усул дар наслкушии аҳолии ҶМД ва ҶМЛ рӯй нагардонд.