Ҳунармандони Ӯзбекистон дар Ҷашни Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд

Ҳунармандони Театри лӯхтаки вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон қариб 10 рӯз дар пойтахти Тоҷикистон бо сафари эҷодӣ меҳмон хоҳанд буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Ҳайати эҷодии Театри давлатии лухтаки вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ба Душанбе сафар мекунад.
Дар остонаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳунармандони ӯзбек намоишномаи "Чойхонаи мусиқӣ"-ро ба саҳна мегузоранд.
Он барои тамошобинони аз 4 то 16-сола пешбинӣ шудааст. Дафтари матбуотии театр хабар дод, ки намоишҳо аз 11 то 20 март дар Театри давлатии лӯхтаки пойтахт баргузор мешаванд.
Намоишҳои рангинро якбора бо ду забон — русӣ ва ӯзбекӣ тамошо кардан мумкин аст.
Муаллиф, режиссёр ва рассоми намоишномаҳо Сергей Седухин мебошад.
Мошин ва даҳҳо ҳазор сомонӣ. Эълони ҷоизаҳои куштии наврӯзӣ дар Душанбе
Гуфта мешавад, сафари ҳайати ҳунармандони Ӯзбекистон дар чаҳорчӯби қарордодҳо дар бораи табодули таҷриба миёни театрҳои лӯхтаки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон сурат мегирад.
Ҳамзамон дар навбати худ ҳунармандони Театри лӯхтаки Тоҷикистон аз 4 то 14 апрел дар Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Дар он намоишномаҳои ватании "Маликаи нозанин" бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ пешкаши тамошобинон мегардад.
Ёдовар мешавем, ки ба ифтихори Наврӯз дар пойтахти Тоҷикистон низ баргузории чанд рӯхдоди фарҳангиву варзишӣ дар назар аст.
Аз ҷумла сеюмин мусобиқаи байналмилалии куштигирӣ баргузор мешавад, ки дар он варзишгарони беш аз 10 кишвари ҷаҳон ширкат мекунанд