ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Виктория Абрамченко, муовини сарвазири Русия дар Форуми иқтисодии Красноярск гуфт, Русия барои муқовимати таҳримҳои Ғарб тамоми шароитро фароҳам кардааст, иттилоъ додааст РИА “Новости”.
Форуми иқтисодии Красноярск-2022 аз 2 то 4 март дар шакли маҷозӣ ва ғайримаҷозӣ баргузор мешавад.
"Созукорҳое таҳия шудаанд, ба мо имкон медиҳанд, бо ҳама гуна амалҳои алайҳи шаҳрвандони худ ва иқтисоди Русия муқовимат кунем. Дар солҳои охир бо таҷриба ва сиёсати муваффақе, ки воридотро ҳам метавонад пӯшиш диҳад, тавонистем чунин намоем, ки ин таҳримҳо ба рушди аксари бахшҳои иқтисод таъсири мусбат расонанд”, - гуфт Абрамченко.
Вай қайд кард, ки ин тадбирҳо ба афзоиши истеҳсолот, технологияҳои нав ва афзоиши сармояи инсонӣ мусоидат карданд.
Хонум Абрамченко гуфт, барои рушди соҳаҳои ҳассостарин аллакай барномаҳо таҳия шудаанд.
Ба гуфтаи муовини сарвазири Русия, диққати махсус ба корхонаҳои хурду миёна дода мешавад.