Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Лавров: Русия иҷозат намедиҳад, ки Украина ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад

Роҳбари Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, агар пеши роҳи Украина гирифта нашавад, Ҷанги Сеюми Ҷаҳонӣ харобиовар мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Ал-ҷазира" гуфт, амалиёти вижаи низомии Русия ҳадафи халъи силоҳи Украина аст.
Вай таъкид кард, ки Маскав иҷоза намедиҳад, ки Киев ба силоҳи ҳастаӣ дастрасӣ пайдо кунад.

"Амалиёти низомӣ дар Украина, аз ҷумла дар Киев ҳадафи халъи силоҳи Украина аст. Русия иҷоза намедиҳад, ки Украина ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад", - гуфт вазир.

Ба гуфтаи ӯ, Маскав ба даври дувуми музокирот бо Киев омодааст, аммо ҷониби Украина бо дастури Амрико барои вақт бозӣ мекунад.
Лавров таъкид кард, ки муваффақияти музокира бо Украина иҷрои шартҳое хоҳад буд, ки раисҷумҳури Русия Владимир Путин таҳия кардааст.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Замони баргузории даври дувуми музокироти Русия ва Украина дар Беларус маълум шуд
"Тамоми шароити зарурӣ барои ҳалли ин вазъ дар чанд маврид комилан возеҳ таҳия шудаанд", - гуфт ӯ.
Вазири корҳои хориҷӣ афзуд, тамоми нуктаҳо зимни суҳбатҳои телефонӣ ба ҳамсуҳбатони байналмилалӣ низ эълон шудаанд.
Қобили зикр аст, ки мулоқоти дувуми ҳайатҳои Русия ва Украина рӯзи 2 март дар назар аст, ки бояд дар марзи Лаҳистону Беларус баргузор шавад.