ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, Маскав омодаи музокирот бо ҷониби Украина мебошад. Ба гуфтаи Лавров, ин Киев аст, ки раванди музокиротро ба таъхир мегузорад.
"Мо ба даври дуюми музокирот омодаем, аммо ҷониби Украина равандро ба дарозо кашида истодааст", - изҳор дошт вазир дар суҳбат бо шабакаи телевизионии "Аl-Jazeera".
Вай таъкид намудааст, ки таъхиркории ҷониби Украина бо дастури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сурат мегирад.
Ахиран Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия низ омодагии ин кишвар ба даврҳои навбатии музокоиротро таъкид намуд. Ӯ афзуд, ҳайати Русия ҳамтоёни украинияшро баъди зуҳри рӯзи чоршанбе дар макони музокирот интизор хоҳад буд.
Ба гуфтаи Песков, Владимир Мединский, ёвари президенти Русия ҳамоно музокиракунандаи асосӣ бо ҳайати украинӣ хоҳад буд. Аз натиҷаи даври якуми музокирот Мединский ба президент Владимир Путин гузориш дод ва гуфт, омодаи марҳилаҳои баъдии гуфтушунид мебошад.
Интизор меравад, ки даври навбатии музокирот дар минтақаи наздимарзии Белорус ва Лаҳистон сурат гирад.
Музокоирот дар пасманзари амалиёти низомии Русия дар Украина сурат мегиранд, ки аз 24 феврал то ҳол идома дорад.