Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Нерӯҳои ҶХД Мариуполро муҳосира карданд

Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Халқии Донетск бо пуштибонии артиши Русия Мариуполро муҳосира намуда, умедворанд, ки мардуми осоишта шаҳрро тарк хоҳанд кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Нерӯҳои мусаллаҳи ҶХД тавонистанд Мариуполро муҳосира кунанд, гуфт Эдуард Басурин, намояндаи милитсияи мардумии Донетск ба шабакаи телевизионии "Россия 24".
Ба гуфтаи ӯ, ба зудӣ дар Мариупол фалокати башарӣ оғоз мешавад: он ҷо барқ ва ғизо нахоҳад буд.
"Мо бояд ҳама корро кунем, то мардум азоб накашанд, барои ҳамин мо гуфтем, ки як долони башардӯстона кушоем. Агар то ҳол шуур вуҷуд дошта бошад, онҳо ба мардуми осоишта иҷозат медиҳанд, ки шаҳрро тарк кунанд, ин кори моро осон хоҳад кард", — гуфт ӯ.
Басурин таъкид кард, ки мардуми ғайринизомӣ ҳанӯз Мариуполро тарк накардаанд, аммо изҳори умедворӣ кард, ки ин кор имрӯз сурат хоҳад гирифт.
Ҳавопаймоҳои Русия 67 зерсохти низомии Украинаро тахриб карданд
Вай ҳамчунин афзуд, ки ҳоло ҳама чиз тибқи нақша пеш меравад. Дар ҳоле ки Мариупол дар муҳосира аст, ба зудӣ Волноваха низ гирифта хоҳад шуд.
"Қӯшунҳо ҳаракатро ба самте идома медиҳанд, ки дар ниҳоят ба мо кумак мекунад, ки тирборони манотиқи истиқоматӣ ва шаҳракҳоро на танҳо бо мо, балки бо ҳамсояҳоямон дар Луганск бас кунанд", - гуфт Басурин.
Вай зикр кард, ки тайи чанд рӯзи оянда маълум хоҳад шуд, ки вазъ чӣ гуна сурат хоҳад гирифт ва таъкид кард, ки "ба ҳар сурат раванди музокирот идома хоҳад кард".
"Мо душманро водор менамоем, ки яроқу аслиҳаро ба замин гузоранд, таслим шаванд ё шаҳрро тарк кунанд, то аҳолии осоишта азоб накашад", — илова намуд намояндаи пулиси ҶХД.

Амалиёти вижаи Русия дар Украина

Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Тарсу ҳарос аз тиру туфанг: вазъи даҳшатовар дар ҶХД - ба ривояти тасвир
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд.
Шойгу гуфт, амалиёти вижаи артиши Русия дар Украина то кай давом мекунад
Он панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд.
Дидори баъдии ҳайатҳои русӣ ва украинӣ дар марзи Беларусу Лаҳистон баргузор мешавад.