Гурезаҳои афғонистонӣ дар Тоҷикистон соҳибкасб мешаванд

Гурезаҳои афғонистонӣ дар муасиссаҳои касбии Тоҷикистон хонда, соҳибкасб мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Паноҳандагони афғонистонӣ бо мақсади соҳибкасб шудан дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ба таҳсил ва касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.
Дар ин бора вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода зимни вохӯрӣ бо масъули Бахши муҳоҷират ва маорифи СММ (ЮНЕСКО) Хода Ҷаберян ва намояндаи Бюрои минтақавии СММ дар умури илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) Мергул Алписбаева иттилоъ додааст.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии Вазорати муҳоҷирати Тоҷикистон, намояндаи ЮНЕСКО Хода Ҷаберян аз корҳои анҷомдодаи Вазорат дар ҷиҳати фарогирии шаҳрвандони Афғонистон ба омӯзиш изҳори қаноатмандӣ намудааст.
Ӯ зикр кардааст, ки дар ҳолатҳои зарурӣ дафтари ЮНЕСКО омодааст, кумаки техникӣ кунад.
Амонзода дар навбати худ барои ҳамкории муштараки ЮНЕСКО бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират изҳори миннатдорӣ кардааст.
Дар ин дидор ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба саҳми ЮНЕСКО барои қонеъ намудани ниёзҳои таҳсил ва омӯзиши гурезаҳои афғонистонӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шудааст.
Хобгоҳи бепул ва коҳиши маблағи таҳсил: сабукиҳо ба донишҷӯёни афғон дар Тоҷикистон
Дар фарҷом масъалаҳои марбут ба ҳамкории минбаъда дар самти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва тайёр кардани кадрҳо, ки ба амалисозии барномаҳои давлатӣ, стратегия ва консепсияҳои мамлакат ҷиҳати рушди таҳсилоти босифат равона шудаанд, баррасӣ гардидаанд.
Ёдрас менамоем, ки қаблан комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон аз ихроҷи паноҳандагони афғонистонӣ аз Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда буд.
Комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон аз Ҳукумати Тоҷикистон даъват кард, ки аз ихроҷи иҷбории паноҳандагони афғонистонӣ ба Афғонистон худдорӣ кунад ва “ба зудӣ марҳилаи иқомати қонунӣ ва таъйини вазъияти паноҳандагӣ",-ро аз сар бигирад.
ВУХ теъдоди дақиқи паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар Тоҷикистонро гуфт
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин теъдоди паноҳандагони афғонистониро дар кишвар 15 000 гуфта буд.
Ёдовар мешавем, пас аз ғасби қудрат дар Афғонистон аз тарафи толибон, рӯзи 15 август сели паноҳандагон аз Афғонистон берун шуд.
Аксари онҳо кӯшиш карданд, ба кишварҳои ҳамсоя паноҳ баранд.