Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Тарсу ҳарос аз тиру туфанг: вазъи даҳшатовар дар ҶХД - ба ривояти тасвир

Сокинони Донетск зери тирборони нерӯҳои Украина миёни харобазор моту мабҳут мондаанд: бархе пинҳон мешаванд ва бархе қурбон. Гузориши тасвирӣ аз вазъи ҶХД
Sputnik
Нерӯҳои мусаллаҳи Украина тирборон кардани минтақаҳои истиқоматӣ дар Донетскро идома дода истодаанд, изҳор медоранд сокинони маҳаллӣ.
Аз ҷумла маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияи Киеви шаҳри Донетск ҳадафи тирборон қарор гирифтаанд.
Як сокини маҳаллӣ дар суҳбат бо шабакаи "Telegram" зери унвони "Донбасс решает"" қисса кард, ки чӣ гуна гулӯла ба хонааш афтид. Таъкид шудааст, ки дар натиҷа хонаю худраваш тахриб шуданд.
Ҷабрдида дар навор изҳор медорад, ки худаш ҳамроҳи ҳамсару набера ва ҳамсояҳояш ҳич осебе надидаанд.
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Идомаи тирборони маҳаллаҳои истиқоматӣ дар Донетск - видеои хонаҳои тахрибшуда
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд.
Шойгу гуфт, амалиёти вижаи артиши Русия дар Украина то кай давом мекунад
Он панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд.
Дидори баъдии ҳайатҳои русӣ ва украинӣ дар марзи Беларусу Лаҳистон баргузор мешавад.