ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Нирӯҳои мусаллаҳи Русия амалиёти низомӣ барои ҳифзи Донбассро то расидан ба ҳадафҳои гузошташуда идома медиҳад.
Дар ин бора Сергей Шойгу, вазири дифои ин кишвар зимни як нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
"Нерӯҳои мусаллаҳи Русия то расидан ба ҳадафҳои гузошташуда амалиёти вижаи низомиро идома хоҳад дод",- гуфт ӯ.
Шойгу афзуд, ки фаъолияти нерӯҳои мусаллаҳи Русия барои ҳифзи аҳолии Донбасс ва ғайринизомисозии Киев роҳандозӣ шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, ишғоли Украина аз нақшаи артиши Русия нест.
"Мехоҳам таъкид намоям, ки зарбаҳо танҳо ба ҳадафҳои низомӣ ва бо силоҳҳои дақиқ анҷом дода мешаванд", - гуфт вазири дифоъ.
Шойгу ҳамчунин аз амалкарди нерӯҳои мусаллаҳи Украина интиқод кард, ки мардуми осоиштаро ҳамчун "сипари зинда" истифода карда, дар саҳни хонаҳо, назди мактабу кӯдакистонҳо силоҳ мегузоранд.
Вазири дифоъ дар охир ба низомиёни рус барои далерӣ, қаҳрамонӣ, иҷрои амр ва вазифаҳои гузошташуда изҳори сипос намуд.
Русия субҳи барвақти рӯзи панҷшанбеи 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "демилитаризатсияи Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зербинои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд, ҳеҷ чиз мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
Бо дастгирии қувваҳои мусаллаҳи Русия гурӯҳҳои ҶМД ва ҶМЛ амалиёти ҳуҷумро вусъат медиҳанд. Аммо дар бораи ишғоли Украина гап нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Рӯзи душанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус дидору гуфтугӯ карданд. Мулоқот тақрибан 5 соат давом кард.
Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский қайд кард, ҷонибҳо тамоми рӯзномаи ҷаласаро муфассал баррасӣ намуда, барои пешгӯии мавқеъҳои муштарак нуқтаҳое пайдо карданд.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Русия ва Украина дар марзи Лаҳистону Беларус баргузор мешавад.