Раҳбари Эрон: Украина қурбонии сиёсатҳои Амрико аст

Раҳбари Эрон гуфт, Амрико як режими мафияӣ аст, Украина ҳам қурбонии сиёсатҳои Амрикост
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон дар як суханонии телевизионӣ афзуд, ки режими Амрико намунаи комили ҷоҳилияти модерн аст.
Вай гуфт, Амрико режими буҳронзо ва буҳронзист аст ва аз тариқи эҷоди буҳрон дар дунё иртизоқ мекунад.
Хоманаӣ афзуд, ки Амрико бо вуруд ба масоили Украина ва ба роҳ андохтани иҷтимооту эҷоди кудатои рангӣ суботи ин кишварро барҳам зад.
Вай таъкид кард, ки Эрон хостори таваққуфи ҷанг дар Украина аст.
Раисӣ: Эрон омодаи нақшофаринии дипломатӣ барои кумак ба бозгашти сулҳ ба Украина аст
Оятуллоҳ Хоманаӣ илова кард, ки ҳамаи чизҳо дар дунёи имрӯз барои фарбеҳ шудани ширкатҳо ва кортолҳост, ҳамчунин аз илм барои куштори одамҳо истифода мешавад.

“Як ҷо бо истифода аз ин илм воксан месозанд, ки ҷони инсонҳоро наҷот медиҳад ва як ҷои дигар барои сохти силоҳ аз он истифода мекунанд, ки даҳҳо баробари он касоне, ки наҷот ёфтаандро аз байн мебарад”, - гуфт Хоманаӣ.

Маврид ба зикр аст, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия 24 феварал аз тасмимаш барои оғози амалиёти низомӣ дар Украина хабар дода афзуд, ки "вазъият иқдоми фаврӣ ва қотеъро талаб мекунад". Ӯ афзуд, Донетску Луганск барои кумак ба Русия муроҷиат кардаанд.
Ба гуфтаи Путин, Маскав нияти ғасби қаламрави Украинаро надорад, танҳо мехоҳад ҳудуди ин кишварро ғайринизомӣ созад.
Русия 21 феврал мустақилияти ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганскро эътироф карда, созишномаи дӯстӣ бо онҳоро ба тасвиб расонд. Бар асоси асноди тасвибшуда, барои амнияту субот дар Луганску Донетск аз нерӯҳои мусаллаҳи Русия истифода хоҳад шуд.